Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо иҷоза дод, наврасон воксини Moderna бигиранд


Танзимгари аврупоии васоили доруӣ иҷоза дод, ки наврасони аз 12 то 17-сол воксини Moderna-и зидди коронавирус бигиранд.

Наврасонро низ ба тартиби калонсолон - ду воя дар фосилаи чаҳор ҳафта - воксин мезананд.

Моҳи майи соли ҷорӣ танзимгари мазкур иҷоза дода буд, ки кӯдакони аз 12 то 15-сола воксини Pfizer/BioNTech бигиранд.

Бино ба омори расмӣ, дар Иттиҳоди Аврупо бештар аз нисфи аҳолии болиғ воксин гирифтааст.

XS
SM
MD
LG