Ба иттилои сафорат, дар давоми моҳи июл аз тамоми минтақаҳои Русия ҳамагӣ 18 шаҳрванди Қирғизистон ихроҷ шудааст.
Ба ҷуз ин, 65 шаҳрванди Қирғизистон дар яке аз боздоштгоҳҳои махсуси Москва нигаҳ дошта мешаванд. Ин шаҳрвандон баъди занозании гуруҳии рӯзи 12 июл боздошт шудаанд.
Сафорати Қирғизистон хабар дод, ки "барои ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо талош карда мешавад".
Дар Русия наздики як миллион қирғизистонӣ муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.