Ссылки доступа

Коргарони ширкатҳои инҳисорталаб дар Узбекистон аз пардохт нашудани маош шикоят доранд


Коргарон ва ҳамкорони ширкатҳои бузурги инҳисорталаб дар Узбекистон, амсоли "Узбекистон темир йуллари", "УзАвтоМоторс" ва "Узбекнефтегаз", инчунин Раёсати корҳои дохилӣ ва Маркази ҳамоҳангсози шуғли аҳолӣ аз сари вақт пардохт нашудани моҳона ва барҳам додани кӯмакпулиҳо шикоят доранд.

Коргарони ширкати "Узбекистон темир йуллари", ки ин ширкат дар Узбекистон инҳисорталаб ба ҳисоб меравад, гуфтанд, чанд моҳ аст, маошро сари вақт намегиранд.

Коргарони Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Фарғонаи Узбекистон гуфтанд, ду моҳ аст, ки моҳона нагирифтаанд.

Коргарони ширкатҳо ва корхонаҳои дигар низ аз сари вақт дарёфт накардани моҳона шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG