Ссылки доступа

Нафткашҳои Қазоқистон бо талаби маоши бештар коршиканӣ карданд


Вахтовый поселок на месторождении Тенгиз
Вахтовый поселок на месторождении Тенгиз

Кормандони ширкати "ESS" дар кони нафти Тенгизи вилояти Атирауи Қазоқистон бо талаби афзоиши моҳона корпартоӣ карданд.

Бино ба иттилои нашрияи маҳаллии "Ак Жайи", "ESS" пудратчии ширкати "Тенгизшевройл" мебошад, ки бо истихроҷи кони нафти Тенгиз машғул аст. Масъулони "Тенгизшевройл" дар суҳбат бо нашрия изҳор доштаанд, ки муроҷиати кормандонро дарёфт карданд, вале ба онҳо гуфтанд, ки бояд ба раҳбарияти ширкати пудратчӣ муроҷиат кунанд.

Мудири кулли ESS Support Services Майк Тейлор хабар додааст, ки корфармо дархости 213 кормандро барои баланд бардоштани маош дарёфт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ширкат бо кормандон гуфтугӯ дорад.

Ин бори аввал нест, ки дар Қазоқистон нафткашҳо бо талаби маоши бештар коршиканӣ мекунанд. Танҳо дар давоми як моҳи ахир кормандони беш аз 10 ширкат дар Жанаозен корпартоӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG