Ссылки доступа

Чин Амрикоро дар "сиёҳкунӣ"-и Пекин айбдор кард


Заместитель министра иностранных дел Китая Се Фэн
Заместитель министра иностранных дел Китая Се Фэн

Муовини вазири умури хориҷии Чин Се Фэн ба муовини котиби давлатии ИМА Венди Шерман гуфтааст, сабаби асосии ташаннуҷ миёни ду кишвар дар он аст, ки бархеи амрикоиҳо бо Пекин ҳамчун "душмани хаёлӣ" муносибат мекунанд.

Се Фэн, ки дар ин бора 26 июл изҳори назар кардааст, гуфта, ки амрикоиҳо бояд ин додгоҳи худро нисбат ба Чин тағйир диҳанд.

Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Чин, ки баъди гуфтугӯи Венди Шерман бо Се Фэн нашр шуд, гуфта мешавад, "ИМА бо "сиёҳ" кардани Чин мехоҳад, мушкилоти сохтории худро бар зиммаи он гузорад". Вазорати умури хориҷии Чин муносибатҳои Пекину Вашингтонро дар "бунбаст" ва "хеле печида" арзёбӣ кардааст.

Шерман пеш аз парвозаш ба Чин гуфт, сафари ӯ ба мушаххасгардонии ҳудуди муносибатҳо ва ҷустуҷӯи шароитҳои баробаре барои ҳамкорӣ равона шудааст, ки ба низоъ напечидани равобити дуҷонибаро кафолат медиҳанд. Ӯ афзуд, ИМА мехоҳад дар раванди гуфтугӯҳо ба Чин нишон диҳад, ки "рақобати солим ва бомасъулият чи гуна аст".

Шерман ҳамчунин тасмим дорад, ки бо вазири умури хориҷии Чин Ван И мулоқотеро анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG