Ссылки доступа

Узбекистон хабари таъсиси шаҳраки хаймаҳоро барои фирориёни Афғонистон рад кард


Мақомоти Узбекистон гуфтанд, хабари таъсиси шаҳраки хаймаҳо барои фирориёни Афғонистон дар марзи Узбекистон бо Афғонистон воқеият надорад.

Ибтидои моҳи июл расонаҳо навишта буданд, ки дар наздикии ноҳияи Термези Узбекистон барои фирориёни Афғонистон шаҳраки иборат аз хаймаҳо сохта шудааст. Мақомоти Узбекистон интизор доранд, ки дар натиҷаи ҷанги байни ҳаракати "Толибон" ва неруҳои ҳукуматии Афғонистон қисме аз шаҳрвандони Афғонистон дар Узбекистон паноҳанда хоҳанд шуд, навиштанд расонаҳо.

Аммо мақомоти марзбонии Узбекистон гуфтанд, дар соли 2021 ҳеч кадом фирории Афғонистон марзи Узбекистонро убур накардааст.

Марзбонони Узбекистон аз 23 то 30 июн қариб 150 сарбози Афғонистонро, ки аз толибон фирор ва ба хоки Узбекистон паноҳ бурда буданд, боздошт ва ба Афғонистон интиқол доданд.

XS
SM
MD
LG