Ссылки доступа

Толибон назорати марз бо Тоҷикистонро ба афроди "Ансоруллоҳ" доданд. Маҳдӣ Арсалон кист? (видео)


Село в Таджикистане, где родился нынешний лидер "Ансоррулаха"
Село в Таджикистане, где родился нынешний лидер "Ансоррулаха"

Толибони афғон, ки акнун аз се ду ҳиссаи марзи Афғонистону Тоҷикистонро зери назорат гирифтаанд, мегӯянд, нисбат ба ҳамсояҳо ягон нақшаи бад надоранд.

Аммо онҳо дар ҳассостарин нуқтаҳои марзи байни ду кишвар гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро масъули марзбонӣ гузоштаанд, ки аъзо ва тарафдоронаш дар Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм таҳти пайгард ҳастанд.

Яке аз шоҳидони суқути минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон дар Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, парчами Толибонро дар марз як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳдӣ Арсалон устувор кард. Дар навору аксҳои дастрасшуда даҳҳо нафаре дида мешаванд, ки ба лаҳҷаи хоси тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Онҳоро мардуми маҳаллӣ "Толибони тоҷик" ном мебаранд. Намояндагони Толибон ҳузури хориҷиёнро дар сафи худ рад мекунанд.

Илова ба ин, бар асоси созиш бо Амрико, Толибон бояд ба ҷангҷӯёни "Ал-Қоида" ва шарикони он дар хоки Афғонистон роҳ надиҳанд. Дар гузориши Маркази Байналмилалии Хушунати Сиёсӣ ва Терроризм аз соли 2017 омадааст, ки "Ҷамоати Ансоруллоҳ" шарики "Ал-Қоида" аст. Дар гузашта наворҳое низ нашр шуда буданд, ки аъзои ин гурӯҳ ба "Ал-Қоида" байъат кардаанд.

Маҳдӣ Арсалон шахсест, ки Толибон идораи панҷ улусволии марзии Афғонистон: Куф, Шикай, Нусай, Моҳимай ва Хоҳонро ба ӯ супурдаанд. Ин минтақаҳоро аз Дарвози Тоҷикистон танҳо рӯди Ому ҷудо мекунад.

Манбаъҳои ҷудо аз ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “Маҳдӣ Арсалон” дар асл Муҳаммад Шарипов, сокини деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод, шарқи Тоҷикистон, аст. Намояндаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ гуфт, аз қабл ин маълумот дастрас шуда буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо раҳбарии Муҳаммад Шарипов дар он сӯйи марз қарор доранд. Ин манбаъ ҳамчунин масъули марзи Афғонистон бо Тоҷикистон таъйин шудани “Маҳдӣ Арсалон”-ро тасдиқ намуд ва гуфт, шахсияти наздик ба 200 шаҳрванди Тоҷикистонро дар гуруҳи ӯ шиносоӣ кардаанд.

Дастаи ӯ дар ишғолгариҳои ахири Толибон дар Бадахшони Афғонистон ширкати густарда дошта, вале пештар, дар моҳи ноябри соли 2020, бо қатли бераҳмонаи 24 сарбозу афсари ҳукумати Афғонистон дар ноҳияи Моҳмай шуҳрат ёфт.

Саҳнаҳои ин куштор дар наворе дида мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт. Дар он аъзои даста ба лаҳҷаи хоси тоҷикони Тоҷикистон таҳдид карданд, ки рӯзе ба ин кишвар низ ҳамла хоҳанд кард.

Генерал Қодир Сафо, раиси ноҳияи Дарвози Бадахшони Афғонистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “инҳо гуруҳи “Ансоруллоҳ” ҳастанд, ки ҳоло бо Толибонанд. Чанд нафараш кушта шуд, ки мо шахсияташонро маълум карда будем. Инҳо бо духтарони маҳаллӣ издивоҷ кардаанд”, -- гуфт ин генерали афғонистонӣ.

Қодир Сафо афзуд, шоҳиди сарбозгирии “Толибони тоҷикӣ” аз хоки Тоҷикистон шудаанд: “Мо медонем, ки инҳо аз Тоҷикистон сарбозгирӣ мекунанд. Баҳори имсол мо маълумот гирифтем, ки нӯҳ нафар аз роҳи байни Рӯшону Шуғнони Тоҷикистон ба хоки Афғонистон ворид шуданд ва ба Толибон пайвастанд. Мо ин гапро ба консулгарии Тоҷикистон гуфта будем. Зимистону баҳор зиёд аз Тоҷикистон бо онҳо пайвастанд.”

Гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, ки акнун мақомоти афғон ва мардуми маҳаллӣ аз онҳо “Толибони тоҷикӣ” ном мебаранд, аз ҷониби Амриддин Табаров, як фармондеҳи пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандии соли 1992-97 таъсис ёфт. Дар аввал ба ин созмон шахсоне ҷамъ омаданд, ки созишномаи сулҳи ҳукумат ва мухолифонро дар Тоҷикистон напазируфтанд. Ҳоло сафи онро насли дуюм ва аксаран пайвандони насли аввали “Ансоруллоҳ” ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, Муҳаммад Шариповро аз “насли дуюм” медонанд.

Ин даста дар солҳои гуногун дар Афғонистон ва Покистон бо Ҳаракати Исломии Узбекистон, Ҷунбиши Исломии Туркистон, "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ", "Ҷундулхалифа", Ал-Қоида ва Толибон ҳамкорӣ кард. Соли 2019 ду писари асосгузори “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон аз сӯи низомиёни амрикоӣ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Бино бар хабарҳо, Табаров дар соли 2016 кушта шудааст.

Сухангӯи Толибон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ будани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сафи Толибон рад кард. Забеҳулллоҳ Муҷоҳид ҳамчунин гуфт, созмонаш хостори равобити хуб бо Тоҷикистон аст ва ба ҳеч гуруҳ иҷоза намедиҳад, ки аз Афғонистон ба кишвари ҳамсоя ҳамла кунад. Ӯ гуфт, ҳатто замони фирори сарбозони ҳукумат ба хоки Тоҷикистон ба хотири он ки тире ба он сӯи марз наравад, ба сӯи онҳо оташ накушоданд.

Айни нуктаро намояндаи вижаи Русия дар масъалаҳои Афғонистон Замир Кобулов низ мегӯяд. Вай илова мекунад, ки баръакс, ҳарбиёни ҳукумати Афғонистон аллакай аз ҳудуди Тоҷикистон ба тарафи Толибон оташ кушоданд, аммо Толибон ба сӯйи Тоҷикистон тир холӣ накарданд.

Вале сокинони деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон ин гуфтаҳоро рад мекунанд. Амирҷони Эмомализода, коргаре дар минтақаи марзии Панҷи Поён, рӯзи 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфта буд, мавҷи тирҳои дайду аз болои сараш мегузашт. Дар ҷангҳои ду моҳи охир 1600 шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид далелҳои онро, ки Толибон дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон шаҳрвандони мусаллаҳи Тоҷикистонро ҷобаҷо кардаанд, рад ё тасдиқ карда натавонист.

“Ин ниёз ба таҳқиқ дорад. Мо онро таҳқиқ мекунем. Мо тоза ба ин бахшҳо ҳоким шудаем. Мо иҷоза намедиҳем, ки шаҳрвандони хориҷӣ аз номи мо истифода кунанд. Мо таҳқиқ мекунем. Агар инҳоро пайдо кардем, аз кишвари худ хориҷ мекунем,”-- гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандони ин кишварро дар қаламрави Афғонистон тасдиқ кардаанд ва зоҳиран ба ваъдаҳои Толибон чандон бовар надоранд. Президент Эмомалӣ Раҳмон фармони ҷалби 20 ҳазор нерӯи изофиро ба марз дархост кард ва дар кишвар як тамрини сартосарии ҳарбӣ бо ширкати 230 ҳазор нафар баргузор намуд. Ҳамчунин аз Русия ва ҳампаймонҳои дигараш хост, дар тақвияти марз кумак кунанд.

XS
SM
MD
LG