Ин лоиҳаи қонун соли гузашта ҳам қабул шуда буд, вале бо эътирози президенти вақти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков пас гардонида шуд.
Рӯзи 30 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди қабули ин лоиҳаи қонун гирдиҳамоӣ ташкил шуда буд. Гирдиҳамомадагон гуфтанд, қабули чунин қонуне ба озодии баён дар Қирғизистон таҳдид мекунад.
Тарҳи қонуни мазкурро соли гузашта ду тан аз вакилони порлумон Гулшод Асилбоева ва Айнура Осмонова таҳия карданд. Қонун аз 9 модда иборат аст ва ҳуқуқу уҳдадориҳои истифода аз Интернет, соҳибони сомонаҳо ва ширкатҳои интернетрасонро дар бар мегирад.