Ссылки доступа

Нафткашҳои қазоқ баъди ваъдаи корфармо коршиканиро қатъ карданд


Коргарони ширкати Industrial service resources дар вилояти Мангистауи Қазоқистон, ки тобеи корхонаи нафткаши "Каражанбасмунай" аст, коршиканиро қатъ карданд.

Онҳо гуфтанд баъди ваъдаи корфармо дар мавриди иҷрои талабҳояшон иқдоми эътирозии худро қатъ намуданд.

"Корпартоиро тақрибан соатҳои 8 шом қатъ кардем. Умедворем, ҳамаи талабҳои мо иҷро хоҳад шуд. Бегоҳӣ ба мо нома доданд, ки давоми як моҳ ба талабҳои мо посух медиҳанд. Талаби якум ҳамчун корманди расмии "Каражанбасмунай" қабул шудан аст ва талаби дувум зиёд кардани маоши онҳое аст, ки баланд карда нашуда буд. Гуфтанд, ки то 6 август мушкилро ҳал мекунанд", - изҳор дошт яке аз корпадонд.

Субҳи 28 июл дар вилояти Мангистауи Қазоқистон беш аз 170 коргари ширкати Industrial service resources бо талаби маоши бештар ва имтиёзҳои иҷтимоӣ коршиканӣ карданд.

Ин бори чандум аст, ки коргарони корхонаҳои гуногун дар Қазоқистон бо талаби маоши бештар корпартоӣ мекунанд. Дар бархе ҳолат коргарон қисман ба талабҳои худ мерасанд.

XS
SM
MD
LG