Имоналиев дар ин бора дар посух ба интиқодҳои вакили порлумони Қирғизистон Рискелдӣ Момбекова дар мавриди ба дарозо кашидани бунёди хонаҳои осебдида хабар дод.
Ба гуфтаи муовини вазир, сохтмони хонаҳои мазкур ба далели дер расидани маҳсулоти сохтмонии онҳо аз Туркия тул кашид.
"Аз 140 хона сохтмони 60 тоаш ба поён расидааст. 15 хонавода аллакай ба хонаҳои нави худ даромадаанд", - афзуд ӯ.
Қаблан намояндаи махсуси президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Мамурҷон Раҳимов гуфта буд, теъдоди хонаҳое, ки дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон тахриб шудаанд, ба 140 расидааст. Пештар шумори онҳо 136 адад гуфта мешуд.
Ба гуфтаи Раҳимов, тамоми ин хонаҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Қирғизистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Рӯзҳои 29-30 апрели соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо манзили зист ба коми оташ фурӯрафтанд.