Ссылки доступа

COVID-19: дар Қазоқистон минтақаи "сиёҳу сурх" пайдо шуд


Дар Қазоқистон ба минтақаҳое, ки баландтарин сатҳи паҳншавии коронавируси навро доранд, тамғаи "сиёҳу сурх" гузошта мешавад. Дар ин бора сардухтури беҳдоштии Қазоқистон Ерлан Киясов қарореро имзо кардааст.

Тибқи қарор, дар минтақаҳои "сиёҳу сурх" ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ, сарфи назар аз навъи моликияташон вазифадор ҳастанд, ки аз 2 августи соли равон рӯзҳои истироҳат дарҳои худро банданд.

Ин қарор ба маъмуриятҳои маҳаллӣ, фурушгоҳҳои ғизо, дору ва корхонаҳои дигари муҳими ҳаётӣ дахл надорад.

Пештар дар Қазоқистон шаҳру вилоятҳоро аз рӯи шумори мубталоёни вирус ба се минтақа - сурх, зард ва сабз тақсим мекарданд.

Дар ҳоли ҳозир ҳамаи вилоятҳои Қазоқистон ба ҷуз аз Туркистон ба минтақаи "сурх" шомиланд.

XS
SM
MD
LG