Дар изҳороти вазорат омадааст, "ин амал беэҳтиромӣ ба нишонҳои давлатии Узбекистон, аз ҷумла нишон ва парчам дониста мешавад".
Ба гуфтаи масъулони вазорат, бандҳои 5 ва 1 Қонун дар бораи нишони давлатии Узбекистон истифодаи акси онро бо ҳадафҳои тиҷорӣ манъ мекунанд ва ҳамчунин барои таҳқири рамзҳои давлатии он кишвар дар қонунгузорӣ ҷазо таъйин шудааст.
Баъди нашри изҳороти Вазорати адлияи Узбекистон акси пойафзол бо парчаму нишони он кишвар аз саҳифаҳои марбут ба тарроҳи итолиёӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок карда шуд.
Пештар расонаҳо хабар доданд, ки тарроҳи итолиёӣ Стефано Риччӣ маҷмуи пойафзолҳоеро барои Узбекистон муаррифӣ кард, ки дар онҳо нишон ва парчами ин кишвар тасвир ёфтааст.