Ссылки доступа

Боздошти ду табиби қазоқ барои фурӯхтани "шиносномаи ваксина"


Ду табиб дар шаҳри Семейи Қазоқистон бо гумони додани шиносномаи қалбакии ваксина, санаде, ки ба сокинон баъди эмшавӣ зидди коронавируси нав дода мешавад, боздошт шудаанд.

Дар ин бора як масъули Вазорати умури дохилии Қазоқистон Шугила Турлибек 2 август дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

"Сокинон барои дарёфти санади қалбакӣ ба ҳисоби бонкии яке аз табибон 15-ҳазортангаӣ мегузарондаанд ва ӯ дар навбати худ як қисми ин пулро ба ҳамкораш дар "ёрии таъҷилии тиббӣ" медодааст, то маълумоти дуруғ дар бораи эмшавии соҳибони пулро дар пойгоҳи иттилоот ворид созад", - изҳор дошт Турлибек.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир пулис онҳоеро бозпурсӣ мекунад, ки эҳтимол меравад, санади қалбакии эмшавиро харидаанд. Гумонбарон "иқрор" кардаанд, ки ҳудуди 30 санади қалбакӣ фурӯхтаанд.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон 28 июл хабар дод, ки дар робита ба "шиносномаҳо"-и қалбакии ваксина то ҳол 39 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Пештар расонаҳо аз боздошти табибон дар шаҳрҳои Нурсултону Алмато барои таҳияи санадҳои қалбакии эмшавӣ иттилоъ дода буданд.

XS
SM
MD
LG