Ссылки доступа

Кумитаи байналмилалии олимпӣ: Тимановская дар макони амн аст


Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо нашри изҳороте рӯзи 2 август гуфт, давандаи беларусӣ Кристина Тимановская, ки берун аз хоҳишаш бо фишори аъзои тими олимпии Беларус ба фурудгоҳи шаҳри Токио интиқол ёфт, ҳоло дар макони амну бехатар қарор дорад.

Тарафдорони Тимановская гуфтанд, ки ӯ мехоҳад дар Аврупо дархости паноҳандагӣ бикунад. Тимановская, ки аз полиси Япония дархости ҳимоят кард, субҳи душанбе ҳанӯз дар Фурудгоҳи шаҳри Токио қарор дошт. Ҳанӯз маълум нест, ки Тимановская дархости кадом кишвари аврупоӣ барои паноҳандагиро қабул мекунад, чун қаблан Полшаву Ҷумҳурии Чех пешниҳоди паноҳандагӣ карданд.

Айни замон, Бунёди ҳамраъии варзишии Беларус гуфт, ки Тимановская мехоҳад аз Австрия ё Олмон кӯмакхоҳӣ кунад. Худи ӯ чанде пеш дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, ки намехоҳад ба Беларус баргардад ва аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ дархост кард, ки ба қазияи ӯ дахолат кунад. Ӯ гуфт, ки таҳти фишори мақомоти кишвараш аст ва онҳо мехостанд берун аз хоҳиш ӯро маҷбуран ба ҳавопаймо шинонда ба Минск баранд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, ки пуштибонии ин варзишгари беларусиро идома медиҳад ва аз Кумитаи олимпии Беларус тақозо кард, ки барои ҳодисаҳои рӯйдода пурра масъулиятро ба дӯш бигирад.

Ин дар ҳолест, ки 2-юми август қарор буд Тимановская дар мусобиқаи дави 200-метрӣ иштирок мекард, вале, ба гуфтааш, рӯзи якшанбе намояндагони мунтахаби олимпии Беларус омад, ӯро бо зӯр ба фурудгоҳ бурданд. Бунёди ҳамраъйии варзишии Беларус дар як муроҷиаташ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ хост, ба ин варзишгар кумак кунанд.

Худи Тимановская гуфт, қарори ба ватан баргардонидани ӯ аз як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад, ки дар он рафтори мақомдоронро танқид карда, гуфтааст, бо гуноҳи онҳо шумори зарурии иштирокдорони дави эстафета ҷамъ нашуданд.

Нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки Беларус дар давоми даҳ моҳи пеш аз Олимпиада шумори зарурии допинг-тестҳоро барпо накард ва бо ҳамин сабаб се духтари варзишгар барои ширкат дар бозиҳо роҳ дода нашуданд.

Мақомоти варзишӣ тасмим гирифтанд, ба тими эстафетачиён Тимановскаяро ворид кунад, дар ҳоле ки ӯ ба таври касбӣ барои иштирок дар бахши дигар – спринт омодагӣ дидааст. Тимановская аз ширкат дар ин бахши рақобатҳо даст кашид ва матбуоти давлатӣ дар посух ӯро ба шиддат танқид кард. Кумитаи олимпии Беларус гуфт, тақозои ихроҷ бо "ҳолати равонии варзишгар" вобаста аст.

XS
SM
MD
LG