Ссылки доступа

Расонаҳо: Аскар Акаев имрӯз вориди Қирғизистон мешавад


Бино ба хабари расонаҳои Қирғизистон, президенти нахустин ва фирории ин кишвар Аскар Акаев 2 август вориди шаҳри Бишкек хоҳад шуд. Чанд манбаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ низ ин хабарро тасдиқ карданд.

Пештар раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев хабар дода буд, ки президентҳои собиқи он кишвар Аскар Акаев ва Курманбек Боқиев дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор" таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дода шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳукумати Қирғизистон талош дорад, дар додгоҳи байналмилалӣ исбот кунад, ки ширкати канадагии "Centerra Gold Inc." барои дарёфти иҷозатномаи коркарди кони тилои мазкур раҳбарони вақти ин кишварро "харидааст".

Дар Қирғизистон 24-уми марти соли 2005 эътирозҳои мардумӣ оғоз шуда, Аскар Оқоев пас аз 15 соли раҳбарии ин кишвар маҷбур шуд, ба хориҷ фирор кунад. Хонаводаи Оқоевҳо ба Русия паноҳ бурда, то ҳол ба ватан барнагаштаанд ва дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Баъди фирори Оқоев зидди аъзои хонаводаи ӯ парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуд.

XS
SM
MD
LG