Ссылки доступа

Додгоҳи Узбекистон занони норозиро барои бастани роҳ то 15 рӯз ҳабс кард


Скриншот из видео, распространённого в соцсети

Додгоҳи шаҳри Андиҷони Узбекистон 2 август ҳукми 17 сокини маҳаллиеро содир кард, ки рӯзи шанбеи гузашта ба нишони эътироз хиёбонеро дар маркази шаҳр бастанд.

Ин сокинони Андиҷон, ки иборат аз 15 зан ва 2 мард буданд, дар "Майдаавбошӣ", "Иҷро накардан талаби қонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ" ва "Нақзи ташкили ҷамъомадҳои осоишта" айбдор эълом гаштанд.

Додгоҳ 11 нафари онҳоро аз 8 то 15-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ ва боқиро ҳудуди 160-долларӣ ҷарима кардааст.

Блогерони Узбекистон ахиран хабар доданд, ки як гуруҳ аз занони норозӣ 31 июл баъди роҳ наёфтан ба қабули раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов, ки моҳе як бор сурат мегирад, роҳро бастаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад эътирозгарон дар байни роҳ рост истода, ба ҳаракати мошинҳо монеъ мешаванд.

Ба огаҳии пулиси Андиҷон, занон бо вуҷуди он ки гуфта шуд, расмиёти роҳ ёфтан ба қабули раиси вилоят тағйир ва тавассути расонаҳо эълом гаштааст, исрор мекарданд, ки Абдураҳмонов бо онҳо мулоқот кунад.

Вақтҳои ахир дар Узбекистон баста шудани роҳҳо аз сӯи сокинони норозӣ бештар ба назар мерасад. Сокинон мегӯянд, бо ин амал мехоҳанд таваҷҷуҳи масъулинро ба мушкилоти худ ҷалб кунанд.

Пештар низ дар шаҳри Бухорои Узбекистон гуруҳе аз занон бо талаби дарёфти қарзи боимтиёз роҳеро баста буданд. Мақомот ба ҷои додани қарз ҳамаи онҳоро ҷарима бастанд.

XS
SM
MD
LG