Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 2 август қонуни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои он кишварро имзо намуд, ки ба "таъмини некӯаҳволии санитарӣ-эпидемиологии сокинон равона шудаанд".
Ба қонун "Дар бораи ҳифзи саломатии шаҳрвандони Узбекистон" банди хоссе ворид мешавад, ки дар сурати таҳдиди бемориҳои сироятии хатарнок бо қарори сардухтури беҳдоштӣ ҳамаи сокинон эм карда хоҳанд шуд.
Қонунеро, ки Мирзиёев ба имзо расонд, 27 июн палатаи қонунгузор ва 31 июл сенати порлумони Узбекистон ба тасвиб расонида буданд.