Ссылки доступа

Сафорати Қирғизистон боздоштҳои дастаҷамъонаи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод


Сафорати Қирғизистон дар шаҳри Москва дар робита ба санҷиши дастаҷамъонаи муҳоҷирони ин кишвар дар Русия изҳоротеро нашр кард.

Дар изҳорот омадааст, санҷиши шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла қирғизистониҳо ба идома ёфтани ҷустуҷӯи онҳое рабт дорад, ки дар занозании гуруҳӣ дар назди метрои "Кузминка"-и Москва иштирок доштанд.

Масъулони сафорат ҳамчунин ёдрас кардаанд, ки бар асоси фармони президенти Русия Владимир Путин, шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ то моҳи сентябри имсол аз он кишвар ихроҷ намешаванд.

Сафорат гуфтааст, барои ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандони Қирғизистон, аз ҷумла онҳое, ки дар робита ба занозании гуруҳӣ дастгир шудаанд, гуфтугӯҳоеро анҷом медиҳад.

Даҳҳо муҳоҷири қирғизу тоҷик 12 июл дар назди метрои "Кузминка" занозанӣ карданд. Баъди ин ҳодиса боздошти ғайриқонунии густурдаи муҳоҷирон шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG