Ссылки доступа

Дар Бухоро як қисми деворҳои мадрасаи Абдуллохон фурӯрехтааст


Дар маъмурияти вилояти Бухорои Узбекистон тасдиқ карданд, ки шаби 30 июл як қисми деворҳои мадрасаи Абдуллохон фурӯрехтааст.

Ба иттилои манбаъ, барои таҳқиқи сабабҳои ҳодиса гуруҳи корие ташкил шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони бахши минтақавии Оҷонси мероси фарҳангӣ, шаҳрдории Бухоро ва мутахассисон шомиланд.

Ба гуфтаи манобеи расмӣ, фурӯрезии деворҳои мадрасаи мазкурро додситонии Бухоро таҳқиқ мекунад.

Мақомоти Бухоро то ҳол нагуфтаанд, ки деворҳои фурӯрехтаи мадрасаро чи гуна барқарор хоҳанд кард.

Мадрасаи Абдуллохон як ёдгории меъморӣ дар Бухоро буда, он солҳои 1588—1590 дар аҳди Абдуллохони II бунёд шудааст. Ин мадраса дар рӯ ба рӯи Мадрасаи Модари Хон воқеъ аст.

XS
SM
MD
LG