Ссылки доступа

Фаъоли мадании қазоқ 2,5 сол аз озодӣ маҳрум шуд


Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон фаъоли маданӣ Ербол Есхожинро бо ҷурме, ки худи ӯ сиёсӣ меномад, 2,5 сол зиндонӣ кард.

Есхожин ҳамчунин ба муҳлати панҷ сол ҳаққи иштирок дар тазоҳурот ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро надорад.

Баррасии парвандаи фаъоли мадании қазоқ онлайнӣ сурат гирифт. Додрас Собирҷон Каримов гуфт, "гуноҳи Есхожин пурра исбот гашт". Вай ба "ташкили фаъолияти созмони мамнуъ" айбдор дониста шуд. Сухан аз ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязов меравад, ки сӯи аз додгоҳи ин кишвар "экстремистӣ" эълом шудааст.

Худи Ербол Есхожин дар сухани охиринаш дар додгоҳ парвандаи ҷиноияшро беасос ва сохта номид.

Есхожини 44-сола бо суханрониҳои ошкорои худ дар мавриди мушкилоти иҷтимоӣ дар Қазоқистон маъруф аст. Фаъоли қазоқро моҳи сентябри соли гузаштан низ ба додгоҳ кашида буданд. Ӯ дар ҷараёни гирдиҳамоиҳои соли 2020 чанд тан аз кормандони пулисро "сагбачаҳои Назарбоев" номида буд.

XS
SM
MD
LG