Ин аввалин медали Қирғизистон дар Олимпиадаи Токио-2020 ба шумор меравад.
Акжол Муродови 22-сола дар 1/8 финал бар Ҷамшед Муафӣ аз Тунис бо ҳисоби 11:0, дар 1/4 финал бар Рафиқ Ҳусейнов аз Озарбойҷон бо ҳисоби 9:1 ва дар 1/2 финал бар Карапет Чалян аз Арманистон бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Вале паҳлавони ҷавони қирғиз дар қувваозмоии ниҳоӣ аз қаҳрамони ҷаҳон Тамас Лоринжи 34-сола аз Маҷористон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Инчунин имрӯз, 3-юми август, варзишгари машҳури қирғиз Айсулуу Тинибековаи 28-сола, қаҳрамони ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ ва қаҳрамони секаратаи Осиё, дар сабқати гуштии озод миёни занон дар вазни то 62 кило баъди пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ бар Ирина Колиаденкои украинӣ бо ҳисоби 10:0 ба финал, ки 4-уми август доир мегардад, роҳ пайдо кард. Сарфи назар аз натиҷаи қувваозмоии ниҳоӣ Айсулуу ҳадди ақал бо медали нуқра сарфароз мешавад, яъне ӯ ба мунтахаби Қирғизистон ё медали тилло ва ё нуқра меорад.
Имрӯз боз як намояндаи Қирғизистон - Мерим Жуманазароваи 21-солаи қирғиз - дар сабқати гуштии озод миёни занон дар вазни то 68 кило медали биринҷиро ба гардан овехт.
Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 83 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 57 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.
Аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 68 медал, аз он ҷумла 32 нишони тилло, 20 нуқра ва 16 биринҷӣ гирифтаанд. Мақоми дувумро мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 68 медал, минҷумла 22 нишони тилло, 27 нуқра ва 19 биринҷӣ азони худ кардааст. Мунтахаби Ҷопон бо касби 36 медал, ки 19-тоаш тилло, 6-тоаш нуқра ва 11-тоаш биринҷист, дар мақоми севум қарор дорад.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин Австралия (14-4-15), Британияи Кабир (13-16-13), Русия (12-21-18), Олмон (8-8-14), Фаронса (6-10-8), Нидерланд (6-7-7) ва Кореяи Ҷанубӣ (6-4-9) дохиланд.
Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Гурҷистон (1-4-1), Беларус (1-0-1), Эстония (1-0-1), Узбекистон (1-0-1), Латвия (1-0-0), Украина (0-1-5), Қирғизистон (0-1-0), Туркманистон (0-1-0), Қазоқистон (0-0-3), Озарбойҷон (0-0-2) ва Арманистон (0-0-1) бо медалҳои Олимпиадаи Токио мукофотонида шудаанд.