Ссылки доступа

Бедодгарии "Делта" дар Қазоқистон: дар як рӯз 124 кас ҷон бохт


Дар давоми як шабонарӯзи ахир дар Қазоқистон 7519 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавируси нав ё COVID-19 сабт шудааст.

Вазорати тандурустии ин кишвар ҳамчунин аз гирифтории 471 каси дигар ба бемории "илтиҳоби шуши коронавирусӣ", ки омори он алоҳида нашр карда мешавад, хабар медиҳад.

Шумори мубталоёни нав дар Қазоқистон дар пасманзари паҳншавии намуди "Делта"-и коронавирус рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Бино ба иттилои расмӣ, аз оғози пандемия дар моҳи марти соли 2020 то субҳи 4 август дар он кишвар 602 952 кас ба коронавирус мубтало шуда, то 2 августи имсол 6277 нафар аз вирус ҷон бохтааст. Танҳо дар рӯзи 2 август 124 ҳолати марг бар асари коронавирус сабт шудааст.

Шаҳрвандони Қазоқистон асосан бо ваксинаи русии "Спутник V", ки дар яке аз маҷмааҳои дорусозии ин кишвар сохта мешавад, зидди коронавирус эм мешаванд. Ҳамчунин ба истифодаи ваксинаи дохилии "QazVac" ва "CoronaVac"-и чинӣ иҷозат дода шудааст.

XS
SM
MD
LG