Ссылки доступа

Сафари гузоришгари СММ дар умури озодиҳои мазҳабӣ ба Узбекистон


 Ахмед Шахид
Ахмед Шахид

Аҳмад Шаҳид, гузоришгари хоси Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодиҳои мазҳабӣ моҳи сентябри соли равон ба Узбекистон сафар хоҳад кард.

Дар ин бора дар поёни мулоқоти сафири Узбекистон дар ИМА Жавлон Ваҳобов ва Аҳмад Шаҳид хабар дода шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Узбекистон, Аҳмад Шаҳид изҳори омодагӣ кардааст, ки аввалҳои моҳи сентябри соли равон барои роҳандозии барномаи кумаки фанӣ бо дастгирии Институти таҳқиқоти байналмилалии ба номи Ралф Банч ба Узбекистон биравад.

Дар доираи сафари гузоришгари махсуси СММ барои намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои динии Узбекистон силсила давраҳои омӯзишӣ баргузор карда мешавад.

Аҳмад Шаҳид ҳамчунин гуфта, ки омодааст моҳи декабри соли равон низ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии "Муколамаи эъломияҳо" ба Узбекистон биравад.

XS
SM
MD
LG