Ссылки доступа

Дар Минск баррасии парвандаи Колесникова ва Знак оғоз мешавад


Додгоҳи Белорус баррасии парвандаи Мария Колесникова ва Максим Знак - ду фаъоли мухолифони ин кишварро оғоз мекунад. Мурофиаҳо пушти дарҳои баста баргузор хоҳанд шуд.

Колесникова ва Знак дар "даъватҳо зидди амнияти миллӣ, тавтеа ба хотири ғасби қудрат аз роҳи ғайриконститутсионӣ ва ифротгароии созмонёфта" айбдор мешаванд. Бар асоси ин иттиҳомҳо ба Колесникова ва Знак то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин ду нафар узви муҳими Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифони Беларус буданд, ки баъд аз интихоботи баҳсбарангези президентӣ дар моҳи августи соли 2020 бо ҳадафи интиқоли сулҳомези қудрат ташкил шуд.

Колесникова, ки як узви муҳими нирӯҳои мухолифин ва пешвои эътирозҳо барои аз мақом барканор шудани президент Александр Лукашенко буд, ибтидои моҳи сентябри соли гузашта дастгир шуд.

Ӯ ва ду ҳамкорашро рӯзи 7-уми сентябр мардони ниқобпӯш аз кӯчае дар Минск рабуданд. Ин се нафар рӯзи 8-уми сентябр ба марзи Украина бурда шуданд ва мақомот ба онҳо гуфтанд, ки вориди хоки кишвари ҳамсоя шаванд. Дар марзи ду кишвар Колесникова шиносномаашро пора-пора кард ва нагузошт, ки мақомот ӯро ихроҷ кунанд.

XS
SM
MD
LG