Пештар хабаргузории Bloomberg дар асоси маълумоти ширкати таҳлилии фаронсавии Kayrros SAS хабар дод, ки 24 июл дар осмони тақрибан 100-километрии ғарби Алмато абри метан ҷамъ шуда буд. Ба иттилои ширкат, аз лӯлае, ки ба Чин газ интиқол медиҳад, дар як соат то 200 тонна метан хориҷ шудааст.
Ширкат афзудааст, ин миқдор гази метан, ки баробар ба партови солонаи 10 ҳазор воситаи нақлиёт аст, дар гармшавии иқлим мусоидат мекунад.
"КазТрансГаз", ки масъули нигоҳубини лӯлаи мазкур дар ҳудуди Қазоқистон аст, 3 август хабари ҷамъшавии абри метан дар осмони наздикиҳои Алматоро рад кард.
Лӯлаи "Осиёи Марказӣ - Чин" 1833 километр дарозӣ дошта, аз қаламрави Узбекистон ва Қазоқистон мегузарад. Он гази Туркманистонро ба Чин интиқол медиҳад.