Ба гузориши хабаргузории Reuters, Тедрос Гебрейесус дар изҳороти худ ба иштирокчиёни "Бистгонаи бузург" тавсия додааст, мояи севумро ба кишварҳое диҳанд, ки ба ваксина ниёз доранд ва аксари аҳолияшон ҳанӯз зидди коронавирус эм нашудаанд.
Вашингтон ба ин даъвати СҶТ аллакай посух додааст. Сухангӯи Кохи сафед Ҷен Псакӣ гуфт, мақомоти амрикоӣ аз гузаронидани мояи севум даст намекашанд, вале омодаанд, нақшаи кумак ба кишварҳои ниёзмандро иҷро кунанд.
Дар ҳоли ҳозир як қатор кишварҳо аз қабили ИМА, Исроил, Фаронса, Олмон, Бритониё дар пасманзари паҳншавии намудҳои хатарноктари коронавируси нав имкони эмкунии шаҳрвандони худ бо мояи севуми ваксинаро баррасӣ доранд. Вале дар ин бора ҳанӯз тасмими расмӣ гирифта нашудааст.
Мақомоти рус ваъда додаанд, ки уҳдадориҳои худро дар мавриди ҷудо кардани ваксина ба кишварҳои ниёзманд иҷро хоҳанд кард. Вале дар навбати аввал мехоҳанд, нахуст шаҳрвандони худро эм кунанд. Дар Русия давоми ҳафтаҳои ахир шумори рӯзонаи фавтидаҳо бар асари коронавирус 800 нафарро ташкил медиҳад.