Ссылки доступа

Мессӣ баъди 21 сол тими "Барселона"-ро тарк кард


Лионель Месси 

Футболбози машҳури аргентинӣ ва яке аз беҳтарин ҳамлагарон дар таърихи футболи ҷаҳон Лионел Мессӣ тими "Барселона"-и Испониёро, ки дар ҳайати он 21 сол бозӣ кардааст, тарк мекунад.

Қарордоди Мессӣ бо ин тим дар моҳи июли соли равон ба поён расид. Раҳбарияти даста гуфт, тамдиди қарордод бо вуҷуди алоқамандаии зиёд ба он ба далели "монеаҳои молӣ ва созмондиҳӣ"-и марбут ба меъёрҳои лигаи футболи Испониё ғайриимкон аст. "Тамдиди расмии қарордод номумкин аст", - омадааст дар иттилоияи даста.

Сомонаи Sports.ru тамдид нашудани қарордоди Мессиро ба коҳиши даромади "Барселона" рабт додааст. Ба навиштаи он, даста дар мавсими гузашта ба маоши футболбозон 671 миллион евро харҷ карда ва акнун бояд ин маблағ то ба 383 миллион поин оварда шавад.

Мессӣ дар "Барселона", ки дар ҳайати он бештари ситораҳои футболи ҷаҳон бозӣ мекунанд, солона беш аз 90 миллион евро мегирифт. Маҷалалли "Forbes" соли гузашта ӯро дар сархати феҳристи гаронарзиштарин футболбозҳои ҷаҳон қарор дода буд.

Гуфта мешавад, Мессӣ ба хотири идомаи карераи худ дар "Барселона" розӣ шудааст, бар ивази маблағи ду баробар камтар қарордодашро тамдид кунад, вале даста бо вуҷуди ин дар шароити кунунияш натавонистааст ба он розӣ шавад.

XS
SM
MD
LG