Ссылки доступа

Шаҳри Ӯши Қирғизистон дубора бе об монд


Интиқоли оби нушокӣ ба сокинони шаҳри Ӯши Қирғизистон субҳи 5 август дубора қатъ шуд.

Ба иттилои корхонаи "Ошгорводоканал", интиқоли об тақрибан ба ҳамаи минтақаҳои шаҳр, ба ҷуз аз се маҳалла қатъ гаштааст.

Сабаби қатъшавии об ифлос шудани рӯдхонаи Оқ-Буура дар пайи боришоти ахир гуфта мешавад.

Интиқоли оби нушокӣ ба сокинони Ӯш кай аз сар гирифта мешавад, ҳанӯз маълум нест ва "Ошгорводоканал"​ гуфтааст, дар сурати дархости шаҳрвандон мошинҳои корхона онҳоро бо об таъмин мекунанд.

Сокинони Ӯш шикоят мекунанд, ки оби нушокӣ дар шаҳр зуд-зуд ва дар пайи боронгариҳои маъмулӣ қатъ мешавад.

XS
SM
MD
LG