Ссылки доступа

Размоиши густардаи низомӣ бо иштироки низомиёни русу узбек дар Тоҷикистон


Низомиёни Русияву Узбекистон ва Тоҷикистон машқҳои муштараки ҳарбиро дар кишвар оғоз карданд. Ин размоиши ҳарбӣ дар пасманзари пешравии якбораи ҳаракати даҳшатафкани Толибон дар Афғонистон анҷом мешавад.

Ба иттилои фармондеҳи округи марказии ҳарбии Русия, дар размоишҳо беш аз 2500 ҳазор сарбоз ва наздики 500 техникаи низомӣ, аз ҷумла 1800 низомӣ ва 420 техникаи пойгоҳи "201"-и ин кишвар иштирок мекунад.

Ҳамчунин Русия чандин ҳавопаймои низомии Су-25-и худро, ки дар пойгоҳи низомияш дар Қирғизистон қарор доштанд, ба Тоҷикистон овардааст.

Тамрини низомӣ аз 5 то 10- уми август дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар он шеваи нобуд сохтани як гуруҳи шартии мусаллаҳро тамрин мекунанд, ки ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Афғонистонро гузаштааст.

Дар бештар аз ду моҳи охир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон даҳҳо ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд. Дар як моҳи охир беш аз ҳазор низомии афғонистонӣ зери фишори Толибон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карда, ба иттилои расмӣ, дубора ба Кобул фиристода шуданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 900 километри хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол паноҳҷӯёни бештаре вориди ин кишвар шаванд. Дар гузашта Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз ёрии зиёд расондаанд ва низ гуфтаанд, ин кумакҳоро идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG