Ссылки доступа

Тақозои бастани зиндони Гуантанамо аз президент Байден


Аъзои Маҷлиси намояндагон аз президент Ҷо Байден тақозо карданд, ки дар остонаи 20-солагии ҳамлаи террористии 11-уми сентябр ба Амрико зиндони амрикоии воқеъ дар ҷазираи Гуантанамои Куба баста шавад.

Дар номае бо имзои 75 вакили демократи Маҷлиси намояндагон, ки 5-уми август ба номи президент ирсол шуд, гуфта шудааст, ки зиндони амалкунанда ба обрӯи ИМА зарба мезанад ва татбиқи арзишҳои мисли ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонунро аз ҷониби ин давлат хадчадор мекунад.

Дар нома, аз ҷумла, омадааст: “Дархост мекунем, ки барои билохира баста шудани зиндон иқдоми сареъ бигиред, мутмаин шавед, ки сарнавишти боздоштшудаҳо мутобиқ ба меъёрҳои башарӣ ҳаллу фасл шавад ва шаффофияти кори комиссиюни амалкунанда дар Гуантанамо боло бурда шавад”.

Дар тамоми таърихи мавҷудияти Гуантанамо тахминан 800 нафар дар дохили ин зиндон нигаҳдорӣ шудаанд ва ҳоло шумори онҳо ба 39 нафар мерасад. Аксари онҳо пиру барҷомонда шудаанд, омадааст дар номаи вакилон.

Байден ҳанӯз соли 2009, замоне, ки дар мақоми муовини президент кор мекард, аз зарурати баста шудани Гуантанамо мегуфт ва бо президент шуданаш дар моҳи январи имсол ҳам ин ақидаро такрор кард. Яке аз ҷинояткорони эҳтимолан ашаддие, ки дар Гуантанамо то ҳол нигаҳдорӣ мешавад, Холид Шайх Муҳаммад аст, ки ӯро тарроҳи ҳамлаҳои террористӣ алайҳи ИМА дар таърихи 11 сентябри соли 2001 меҳисобанд.

Дар зиндони Гуантанамо 12 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам, ки дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористии баъди соли 2001 дар Афғонистон боздошт шудаанд, нигаҳдорӣ шудаанд. Аксари онҳо дар солҳои баъдӣ ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Охирин бандии тоҷики Гуантанамо Муҳаммадӣ Давлатов 11 июли соли 2016 аз ҷониби мақомоти Сербистон пазируфта шуд. Он замон мақомоти амрикоӣ ва Сербистон гуфтанд, ки тасмими қабули ӯ дар Аврупо аз он хотир буд, ки ба Давлатов дар Тоҷикистон шиканҷа таҳдид мекард.

XS
SM
MD
LG