Ссылки доступа

500 сомонӣ ба ҳар оилаи камбизоат дар Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки додани кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат дар кишвар оғоз шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба 165 ҳазор оила дар ҳаҷми 500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Ин маблағҳо дар доираи кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ аст, ки моҳи май ба Тоҷикистон дода буд.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии “Ховар”, додани кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат моҳи август оғоз шуда, то охири сол давом мекунад. Дар марҳилаи аввал дар моҳи август ба 84 ҳазор оилаҳои камбизоат, ки дар хона кӯдакони то 7-сола доранд 500 сомонӣ пул медиҳанд. Баъдан моҳҳои сентябр-октябр ба 56 ҳазор хонавода ва моҳҳои ноябр-декабр ба 25 ҳазор оила чунин кӯмакпулиҳо дода мешавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон моҳи июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин кӯмакҳо се гуруҳи аҳолӣ баҳраманд хоҳанд шуд, оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони то 7-сола доранд, оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони маъюби то 18-сола доранд ва оилаҳое, ки саробонаш занонанд ва кӯдакони то 16-сола доранд.

Тақсими кӯмакҳо барои камбизоатон ҳамеша дар Тоҷикистон интиқодҳоро ба вуҷуд меорад. Бархе сокинон мегӯянд, бо вуҷуди шароити вазнин онҳоро ба рӯйхати шахсони камбизоат ворид намекунанд ва ҳамин тавр онҳо аз дарёти кӯмакҳо маҳрум мемонанд.

Дар хабари расмии Ховар омадааст, “интихоби оилаҳои камбизоат барои расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ дар заминаи механизми амалкунандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” амалӣ мегардад. Ин бори дувум аст, ки Тоҷикистон дар замони пандемиия бо пули созмонҳои ҷаҳонӣ ба хонаводаҳои камбизоат кумак мекунад.

Пеш аз ин, дар чаҳорчӯби як тарҳи ёрии иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ ба 50 ҳазор оилаи нодор ёрии якдафъаина расонда буд. Он вақт низ ба оилаҳои камбизоат 500 сомонӣ доданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 30 дарсади аҳолӣ ҳанӯз дар ҳоли тангдастӣ ба сар мебаранд.

Дар давраи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистону Русия эҳтимол шумораи чунин хонаводаҳо бештар шуда бошад.

XS
SM
MD
LG