Ба гуфтаи вакили дифоъ, дасти Орҳан Инондӣ ҳангоми рабуда шуданаш дар Қирғизистон шикаста буд ва бинобар ин, пас аз интиқол ёфтанаш ба Туркия дар маҳбас ӯро ҷарроҳӣ карданд.
Иброҳим Йилмаз афзуд, ки дар ҳоли ҳозир бо маводи парванда шинос мешаванд ва қарор аст, мурофиаи нахустин 16 сентябр баргузор шавад.
Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1-уми июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Дертар, 5 июл Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия хабар дода буд, ки Орҳан Инондӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст.
Ба қавли Эрдуғон, амалиёти ба Туркия овардани Инондиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орҳан Инондӣ "мудири ФЕТО дар Осиёи Марказӣ" ном бурд. "Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон.
Орҳан Инондӣ зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.