Ссылки доступа

Якуним миллион сомонӣ -- қарз. Маоши омӯзгорони Муъминобод куҷо шуд?


Маоши муаллимони Мӯъминобод куҷо шуд?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:27 0:00

Наворро дар инҷо тамошо кунед

Омӯзгорони мактабҳои миёна дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон маоши тобистонаро нагирифтаанд. Ҳоло мақомот аз онҳо зиёда аз якуним миллион сомонӣ қарздоранд.

Дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, барои ҳалли масъала ба Вазорати молия муроҷиат шуд, вале то ба ҳол посухе нест.

"Худам ду дафъа ба Вазорати молия рафтам. Мактуб бурдам. Ҳоло бояд вазъияти имрӯзаро ҳам ба назар гирем, ки чӣ қадар вазъияти мураккабӣ молиявӣ аст", -- мегӯяд, раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода.

Ноҳияи Муъминобод аз буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят сармоягузорӣ мешавад. Ҳоло натанҳо муаллимон, балки кормандони соҳаи тандурустӣ низ мегӯянд, маоши худро нагирифтаанд.

Раиси Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, дар моҳи июли имсол гуфта буд, ки набояд аз ҳисоби маош дар вилоят қарз вуҷуд дошта бошад. Тоҷиддин Мирзобаротов, сардори Раёсати молияи Муъминобод, мегӯяд, 30 дарсад музди давраи рухсатӣ дар ноҳия пардохт шудааст, боқимонда - не.

"Мо барои гирифтани пул ба Сарраёсати молияи вилоят ва аз онҷо ба Вазорати молия мактуб кардем, мнутазир ҳастем", -- афзуд ӯ.

Ноҳияи Муъминобод баландкӯҳ буда, бештари кормандони давлатӣ рӯзгорашонро асосан бо маош ва пулҳои фиристодаи наздикон аз Русия мегузаронанд. Яке аз омӯзгорон гуфт, "хуб аст, ки баъзеҳо дар хона чорво доранд. Аз ин ҳисоб зиндагиро камобеш мечархонанд. Агар не, намедонистем ин рӯзҳои бепулиро чӣ гуна пушти сар мекардем."

Соли гузашта, дар авҷи пандемияи коронавирус, садҳо коргар аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон шикоят карданд, ки маоши худро нагирифтанд. Дертар мақомот гуфтанд, ҳарчанд ба сахтӣ, вале маоши коргарон пардохта шуда, аз касе қарздор намонданд.

Дар ноҳияи Муъминобод дар ҳоле аз нагирифтани маош шикоят мекунанд, ки вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, дар нишасти хабарии моҳи августи имсол гуфт, аз музди кор қарз надоранд.

XS
SM
MD
LG