Ссылки доступа

Дар Узбекистон гирифторони коронавирусро ба рухсатии бемузд мефиристанд


Расонаҳо менависанд, дар Узбекистон коргаронеро, ки ба вабои коронавирус гирифтор шудаанд, ба рухсатии бемузд мефиристанд.

Дар бархе корхонаҳои дигар коргаронро маҷбур доранд, ки воксини зидди коронавирус бигиранд.

"Давоми се моҳ ду ҳамкори мо ба вабои коронавирус гирифтор шуданд. Ҳоло онҳо дар рухсатии бемузд ҳастанд. Роҳбари мо гуфт, ки бояд воксин бигирем. Гуфтанд, дар сурати нагирифтани воксин ба мо маош намедиҳанд", - гуфт як коргари ширкати "Ҳудудгаз" дар вилояти Хоразми Узбекистон.

Пештар аз ин коргарони ширкатҳои дигар дар Узбекистон аз воксинзании иҷборӣ шикоят карданд.

Шикояти коргарон дар ҳолест, ки рӯзи 2 август президенти Узбекистон қонун дар бораи воксинзании иҷбории коргаронро имзо карда буд.

XS
SM
MD
LG