Вилояти Қарағанда аз рӯи суръати паҳншавии вабои коронавирус дар қатори минтақаҳои сурх шомил аст.
"Аз имрӯз роҳбари раёсати муносибатҳои замин Мақсуд Калел дар робита ба вайрон кардани карантин - баргузории туй дар авҷи вабо - аз мақом барканор шуд", - гуфт раиси вилояти Қарағанда Женис Қосимбек.
Комисияи иборат аз намояндагони чанд ниҳоди Қазоқистон ҳисоб кардааст, ки дар туйи мансабдор наздики 400 меҳмон ширкат дорад. Хадамоти беҳдоштиву эпидемиологӣ ӯро ҳам мансабдор ва ҳам соҳиби тарабхонаро ҷарима бастааст.