Ссылки доступа

Мақомоти Вуҳани Чин гуфтанд, дар панҷ рӯз 11 миллион сокинро аз ташхиси COVID-19 гузарониданд


Мақомоти вилояти Вуҳани Чин, ки вабои коронавирус дар соли 2019 аз он ҷо паҳн шуда буд, баъди пайдо шудани гирифтории нави вабо дар он шаҳр гуфтанд, бештар аз 11 миллион касро аз ташхис гузаронидаанд.

Ли Тао, як мақомдори баландпояи Вуҳан рӯзи 8 август гуфт, ташхис, ки панҷ рӯзи пеш шуруъ шуда буд, тақрибан ҳамаи сокинони аз 6-сола болоро фаро гирифт.

Дар ин шаҳр 37 ҳолати сироят ва 41 ҳолати гирифтории бидуни нишона сабт шудааст, хабар доданд расонаҳои Чин.

Барои ташхиси сокинон дар Вуҳан 28 ҳазор корманди соҳаи тиб сафарбар шудааст.

XS
SM
MD
LG