Ссылки доступа

Соли нави хониш дар Узбекистон қисман фосилавӣ шуруъ мешавад


Вазорати маорифи Узбекистон эълом кард, ки соли хониши 2021-2022 дар мактабҳои он кишвар ба таври омехтаи қисман фосилавӣ ва қисман анъанавӣ шуруъ мешавад.

Вазорати маориф шарҳ дод, ки дар Узбекистон ҳамоно паҳншавии коронавирус авҷ дорад ва тасмими охир ба ҳамин далел гирифта шудааст.

Бо назардошти вазъият бархе аз мактабҳо дар соли нави хониш таҳсилро фосилавӣ ба роҳ монда, қисми дигар аз ба таври анъанавӣ хонандагонро ба таҳсил фаро хоҳанд гирифт.

"Бо ин ҳадаф дарсҳо мисли соли пеш тарақи телевизионҳои давлатӣ нишон дода мешаванд", - хабар дод вазорати маорифи Узбекистон.

Мақомоти маорифи Узбекистон гуфтаанд, ҳеч навъи таҳсилоти фосилавӣ ҷойи таҳсилоти анъанавиро намегирад ва ба ин далел вазорати маориф аз ҳамаи кормандони низоми маориф даъват мекунад, ки воксини зидди коронавирус бигиранд, то ин ки заминаи ба роҳ мондани таҳсилоти анъанавӣ фароҳам шавад.

XS
SM
MD
LG