Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, воксини Pfizer танҳо барои занони ҳомила ва кӯдакон истифода мешавад


Алексей Тсой, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон аз сокинони он кишвар даъват кард, ки мунтазири ворид шудани воксини Pfizer/BioNTech набошанд ва аз воксинҳое истифода кунанд, ки ҳоло дар Қазоқистон мавҷуд аст.

Ба гуфтаи Тсой, воксини Pfizer/BioNTech, ки аз сӯи ширкатҳои муштараки амрикоиву олмонӣ истеҳсол мешавад, моҳи октябр ба Қазоқистон оварда шуда ва танҳо ба занони ҳомилаву кӯдакон истифода мегардад.

Ҳоло дар Қазоқистон истифодаи чаҳор навъи воксин: «Спутник V»-и истеҳсоли Русия, QazVac-и истеҳсоли Қазоқистон, Hayat-Vax-и истеҳсоли Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва CoronaVac-и истеҳсоли Чин иҷозат аст.

Воксинзанӣ дар Қазоқистон моҳи феврали соли ҷорӣ шуруъ шуд. То рӯзи 10 август дар он кишвар бештар аз 5,8 миллион кас воксин гирифтааст.

XS
SM
MD
LG