Ссылки доступа

СММ: тағйирёбии иқлим фоҷиабор хоҳад буд (видео)


Фаъолияти инсон иқломро ба таври бесобиқа ва ҳатто дар бархе ҳолат ба таври бебозгашт тағйир медиҳад - омадааст дар гузориши Гуруҳи байниҳукуматии коршиносони умури тағйирёбии иқлим дар назди СММ.

Бино ба гузориш, дар 40 соли охир ҳарорати миёнаи Замин нисбат ба ҳар давраи 40-солаи 2 ҳазор соли охир афзоиши босуръаттар доштааст. Шуруъ аз соли 1850, ки назорати ҳарорат оғоз гардид, панҷ соли охир гармтарин солҳо будаанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, даҳсоли оянда дар ҳамаи минтақаҳои дунё тағйирёбии иқлим назаррастар хоҳад шуд. Дар сурати болоравии 1,5°C ҳарорати ҳаво, мавсими гармо тӯлонитар мешавад ва мавсими сармо кӯтоҳтар. Аз эҳтимол дур нест, ки то соли 2050 Қутби шимол ҳадди ақал дар сол як маротиба - дар моҳи сентябр - комилан аз ях холӣ хоҳад шуд.

Олимон обшавии пиряхҳоро ба таъсири башарият ба табиат рабт медиҳанд.

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ гуфт, ки ин гузориш "рамзи сурх барои инсоният аст". "Гузориш бояд салоти ҷаноза барои ангишт ва дигар сӯзишвориҳои зеризаминӣ бошад. Пеш аз он ки ангишту сӯзишвориҳо сайёраи моро маҳв кунанд, бояд салоти ҷанозаи онҳо садо диҳад", - гуфт Гутерриш.

Аз фоҷеа мешавад пешгирӣ кард дар сурате, ки агар дунё аз ҳоло ташаббус нишон диҳад, гуфтаанд муаллифони гузориш.

XS
SM
MD
LG