Ссылки доступа

Губернатори Ню-Йорк баъди айбдоршавӣ дар хушунат ба истеъфо меравад


Губернатори Ню-Йорк, узви Ҳизби демократии ИМА Эндрю Куомо гуфт, давоми 14 рӯзи оянда ба истеъфо меравад.

Ӯро дар чандин мавриди хушунати ҷинсӣ айбдор карданд. Куомо аз соли 2011 то ин замон губернатори Ню-Йорк буд.

Айбҳои хушунат нисбати губернатор дар расонаҳои ИМА аз охири соли 2020 пайдо шуданд. Додситонии кулли ИМА Летитсия Ҷеймс таҳқиқоти вижа анҷом додааст.

Муфаттишон ба хулоса расидаанд, ки аз хушунатҳои ҷинсии Куомо дар тамоми давраи губернаториаш 11 зан, аз ҷумла чанд зани ҳамкораш ранҷ кашидаанд.

Куомои 63-сола гуфтааст, ҳаргиз барқасдона нисбати занҳо беэҳтиромӣ накардааст. Вай гуфтааст, ин айбҳо "ҳамлаҳои сиёсӣ" ҳастанд. "Беҳтарин коре ки ҳоло ман метавонам анҷом диҳам - эъломи истеъфо аст", - гуфт губернатор.

XS
SM
MD
LG