Ссылки доступа

КДАМ ва Додситонии Қирғизистон бекорсозии созишномаи "Қумтор"-ро шуруъ карданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон натиҷаҳои аввалияи таҳқиқи парвандаи фасодкорӣ дар раванди амалисозии тарҳи коркарди кони тилои "Қумтор"-ро ҷамъбаст кард.

"Тафтишот ба хулоса расид, ки дар ҳамаи марҳилаи ҳамкорӣ бо сармоягузорони канадагӣ - ширкатҳои "Камеко" ва "Сентерра" - ҳангоми бастани шартнома ва имзои дигар санадҳои марбут ба кони тилои "Қумтор" манфиатҳои бунёдии мардуми Қирғизистон ба эътибор гирифта нашудааст", - хабар медиҳад маркази матбуоти КДАМ.

Дар робита ба ин, аз рӯи далели фасодкорӣ ҳангоми бастани Созишномаи кул дар соли 1992 ва ворид кардани тағйирот ба он дар соли 1994 президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев, сарвазирони пешин Турсунбек Чингишев ва Апас Ҷумагулов ғоибона ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.

Ба ҷуз ин, мақомоти тафтишотӣ ба хулоса расиданд, ки ҳангоми бастани созишномаи нав дар соли 2009 "мансабдорони сатҳи боло, бо дарки ин ки шартномаи солҳои 1992, 1994 ва 2003 манфиатовар нест, манфиатҳои ширкати "Сентерра"-ро аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта, дидаву дониста ба ширкати мазкур имкониятҳои бемаҳдуд додаанд, ки ба муҳити атроф ва манфиатҳои иқтисодии Қирғизистон зиён расонад".

"Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. То чанде пеш онро ширкати канадагии "Сентерра" коркард мекард ва Қирғизистон дар кон 26 дарсад саҳм дошт. Қумтор 10 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 20 дарсади ҳаҷми саноати он кишварро таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG