Ссылки доступа

Созандаи воксин: масунияти ҷамъӣ номумкин аст


Вакцины от COVID-19
Вакцины от COVID-19

Навъи "делта"-и коронавирус шаклгирии масунияти дастаҷамъиро зидди COVID-19 номумкин мегардонад. Дар ин бора роҳбари гуруҳи созандагони воксини AstraZeneca профессор Эндрю Поллард дар порлумони Бритониё хабар дод.

"Масъала ин аст, ки ин вирус сурхакон нест. Агар 95 дарсади аҳолӣ зидди вируси сурхакон воксин бигиранд, дар он сурат вирус дигар паҳн намешавад. Навъи "делта"-и коронавирус ба касоне ҳам сироят мекунад, ки воксин гирифтаанд", - гуфтааст Поллард. Дар робита ба ин, ба гуфтаи Эндрю Поллард, даст ёфтан ба масунияти ҷамъӣ ба "афсона" монанд аст.

Дар ҳамин ҳол вай илова кард, ки барои ба ваҳшат афтодан ҳоло баҳонае мавҷуд нест, зеро ҳарчанд воксинҳои мавҷуд на ҳамеша аз гирифторӣ наҷот медиҳанд, дар ҳар сурат аз мавҷи азими COVID-19 ва маргу мир пешгирӣ мекунанд.

То ин замон дар Бритониё наздики 75 дарсади аҳолии калонсол воксин гирифтааст. Ин ҳолат ба мақомоти Бритониё имкон додааст, ки аксари маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро бекор кунанд.

XS
SM
MD
LG