Ссылки доступа

Сенати ИМА тарҳи 3,5 триллионии Байденро тасдиқ кард


Сенат США
Сенат США

Сенати ИМА тарҳи буҷаи 3,5 триллион долларрии мубориза бо фақр ва ҳифзи муҳити зистро тасдиқ кард. Дар ин бора расонаҳои ИМА хабар медиҳанд.

Қабули ин буҷа дар роҳи амалисозии яке аз бандҳои асосии барномаи президентии Ҷо Байден калидӣ унвон мешавад. Ҷо Байден ваъда карда буд, ки дар сурати президенти ИМА шудан, буҷаи триллиониеро барои кӯмак ба хонаводаҳои фақир, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва муборизаи густарда зидди тағйирёбии иқлим қабул мекунад.

Бернӣ Сандерс, раиси кумитаи буҷаи Сенат гуфт, ин ташаббус метавонад, эътимоди мардумро ба давлати ИМА барқарор кунад. Ҷумҳурихоҳони Сенат баръакс мегӯянд, ин тарҳ ба исрофкории маблағҳо, афзоиши таваррум ва пирӯзии сиёсати "чап"-и иқтисод мерасонад.

3,5 триллион доллар дар 10 соли оянда харҷ хоҳад шуд. Ин тарҳ аз ҷумла аз ҳисоби афзоиши андозҳо ба тиҷорати бузург амалӣ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG