Ссылки доступа

Сармоягузорони амрикоӣ шаҳрдори Тошкандро дар "ғасби рейдерӣ" айбдор мекунанд


Мақомоти шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 10 август ба тахриби корхонаҳои истеҳсолии ширкати хориҷии Altromark шуруъ карданд, ки дар ноҳияи Яшнободи Тошканд ҷойгир ҳастанд.

Altromark аз соли 1991 то 2018 ба истеҳсоли дастгоҳҳои тиббӣ, ароба барои маъбон ва дигар ашёи оҳанӣ машғул буд. Ин ширкат дар се соли охир барои 3 га замине баҳси додгоҳӣ дорад, ки биноҳояш онҷо ҷойгир ҳастанд.

Соҳибони ширкат баҳси додгоҳӣ ва тахриби биноҳоро "беқонунӣ ва ғасби рейдерӣ" аз сӯи шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев медонанд.

Сергей Александров, мудири ширкати Altromark рӯзи 10 август гуфт, наздики 30 корманди ҳукумати шаҳри Тошканд ва дигар мақомоти қудратӣ барои тахриби биноҳои ширкат омаданд. Вай гуфт, ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳо қонунӣ ҳастанд.

"Додгоҳ қарор кардааст, ки аз маҷмуи заминҳои дар ихтиёри мо буда 1,2 га барои сохтмони метро гирифта шавад. Аммо мақомоти шаҳрӣ мехоҳанд, ҳамаи заминҳоро бигиранд. 3 га замин дар ноҳияи Яшнобод қариб 6 миллион доллар арзиш дорад. Дар иваз шаҳрдории Тошканд ба мо замини холиеро дар канораи вилояти Тошканд пешниҳод дорад. Табиист, ки мо ба ин пешниҳод розӣ нестем", - гуфт Александров.

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев соҳиби бузургтарин империяи тиҷоратӣ дар Узбекистон ва яке аз одамони наздики президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG