Ссылки доступа

Соли нави хониш дар Қирғизистон 15 сентябр шуруъ мешавад


Соли нави хониш дар Қирғизистон 15 сентябр шуруъ мешавад. Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон рӯзи 12 август дар ин бора фармон содир кардааст.

Аз девони вазирони он кишвар гуфтанд, чунин тасмим бо назардошти вазъи беҳдоштии кишвар гирифта шудааст.

То ин замон аз 152 ҳазору 827 корманди соҳаи маориф 56 ҳазору 114 кас зидди коронавирус воксин гирифтаанд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳадди ақал бояд 52 ҳазор корманди дигарро воксин зад.

"Тасмими дертар шуруъ кардани соли хониш ба маоши кормандон ва раванди таҳсил таъсире нахоҳад дошт", - хабар доданд аз девони вазирони Қирғизистон.

Дар он кишвар паҳншавии вабои коронавирус боис гардид, ки бисёре аз мактбаҳо ба таҳсили фосилавӣ гузаранд.

XS
SM
MD
LG