Ссылки доступа

Чархболе дар Камчаткаи Русия суқут кард. Аз 16 сарнишин 8 кас зинда монд


Чархболи Ми-8, ки 13 мусофир ва 3 халабон дошт, дар Камчаткаи Русия рӯзи 12 август суқут кард. Ба иттилои расонаҳо, дар ин ҳодиса 8 кас кушта шудааст.

Чархбол дар кӯли Курил дар ҳудуди мамнуъгоҳи Кронотск суқут ва ба умқи наздики 100 метр фурӯ рафтааст, хабар доданд наҷотдиҳандагони вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия. Шаш мусофир ва ду халабон наҷот ёфтаанд.

Сабаби суқут номусоидии боду ҳаво унвон мешавад. Дар натиҷаи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG