"Аксари шаҳрвандони мо падидаҳое амсоли "миллатгароии ғорнишинӣ"-ро маҳкум мекунанд. Мутаассифона, чунин корҳо дар тамоми дунё сурат мегиранд ва набояд чунин пиндошт, ки давлат аз ин амалҳо ҷонибдорӣ мекунад ва ин гуна корҳо тамоюл ҳастанд", - гуфт Абаев.
Рейди миллатгароҳо дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмато, Павлодар, Уралск ва дигар шаҳрро доир шуданд. Навори рейдҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид.
Абаев ваъда дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон ба амали миллатгароҳо баҳои ҳуқуқӣ хоҳанд дод.
Вай илова кард, ки вазъи кишварро "бо назардошти рафтори 2-3 кас" баррасӣ кард. Абаев гуфт, дар Қазоқистон тақрибан 90% аҳолӣ забони русиро медонанд.
Рафтори миллатгароҳо дар Қазоқистон боиси нигаронӣ ва хашми мақомдорони Русия шуд.