Ссылки доступа

ИМА барои берун овардани коргарони сафораташ аз Афғонистон низомиҳоро мефиристад


ИМА 3 ҳазор низомиро муваққатан ба Афғонистон мефиристад, ки онҳо беруноии бехатари коргарони сафоратро аз шаҳри Кобул таъмин мекунанд.

Дар ин бора Департаменти давлатии ИМА ва вазорати мудофиаи он кишар рӯзи панҷшанбе хабар доданд.

Нед Прайс, намояндаи департаменти давлатии ИМА гуфт, теъдоди коргарони сафорат дар Афғонистон ба ҳадди ниҳоӣ расонида мешавад. Коргарони дигар, ки ададашон қариб ба 1000 кас мерасад, берун оварда мешаванд.

Пентагон гуфт, низомиҳо давоми 48 соати оянда ба Афғонистон мерасанд.

Ирсоли низомиҳои ИМА ба Афғонистон - қадами ғайримунтазира аст, ки шаҳодат медиҳад, ҳамлаи толибон ба таври ғайри қобили пешбинӣ суръат меёбад. ИМА бояд то охири моҳи августи соли ҷорӣ берунории низомиёнашро аз Афғонистон хотима диҳад. Айни замон дар Афғонистон 650 низомии амрикоӣ боқӣ мондааст, ки фурудгоҳи Кобул ва сафорати ИМА дар он шаҳрро муҳофизат мекунанд.

ИМА рӯзи панҷшанбе аз ҳамаи шаҳрвандонаш, ки бо масоили хусусӣ дар Афғонистон ҳастанд, даъват кард, фавран ин кишварро тарк кунанд.

Мақомоти махсуси ИМА мегӯянд, мумкин аст, толибон давоми 1 то 3 моҳи оянда Кобулро ишғол кунанд.

XS
SM
MD
LG