Ссылки доступа

Муассиси "Осиё Авто"-ро дар Қазоқистон дар пайгард эълом карданд


Муассиси ширкати "Осиё Авто" Анатолий Балушкинро дар Қазоқистон дар пайгард эълом карданд.

Мақомоти интизомии Қазоқистон нисбати вай бо моддаи "қаллобӣ" парванда боз ва додгоҳ ғоибона ҳабси пешакии ӯро содир кардааст.

Ширкат дар ибтидои соли 2020 гирифтори мушкил шуд. Он замон вазорати саноат ва рушди инфросохтори Қазоқистон имтиёзҳои ширкатро бекор карда буд.

Ҳукумати Қазоқистон аз ширкати "Осиё Авто" талаб дорад, ки 405 миллион доллари ҳамчун имтиёз дарёфткардаро ба буҷаи кишвар баргардонад. "Осиё Авто" бештар аз 2 ҳазор коргарашро аз кор озод карда, қисме аз бахшҳоро бастааст.

Вазорати саноати Қазоқистон гуфт, ширкат уҳдадориҳоеро иҷро накард, ки соли 2010 ба душ гирифта буд. Ширкат аз пардохти боҷи гумрукӣ ва арзиш аз андози иловашуда озод буд.

XS
SM
MD
LG