Ссылки доступа

Хандақҳои дар марз бо Қирғизистон кандаро ҷониби Тоҷикистон хок пур кардааст


Хандақҳоеро, ки марзбонони Тоҷикистон дар минтақаи Катта-Тузи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон канда буданд, акнун хок пур кардаанд.

Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон гуфтанд, сохтмони девор дар наздикии деҳаи Максат низ қатъ шудааст.

Абдикарим Олимов, раиси вилояти Бодканд дар суҳбати телефонӣ рӯзи 12 август бо раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷҷабой Аҳмадзода дар бораи қатъи сохтмон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугӯ кардааст.

Мақомоти Қирғизистон рӯзи 12 август гуфтанд, ки неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба кандани хандақ дар минтақаи Катта-Тузи наздикии деҳаи Арки ноҳияи Лайлак шуруъ кардаанд.

Аз соли 1974 Тоҷикистон аз минтақаи Катта-Туз нафт истихроҷ мекард. Ин минтақа дар соли 1992 мебоист, ба ихтиёри Қирғизистон гузарад. Аммо дар натиҷаи созиши соли 1980 Тоҷикистон ба истихроҷи нафт дар минтақа идома дод. Соли 2013 марзбонони Қирғизистон ширкатҳои нафткаши Тоҷикистон аз он ҳудуд берун карданд.

XS
SM
MD
LG